БАРРАСИИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 18 феврали соли равон дар толори меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва як қатор вазорату идораҳо, ҳамчунин ҷамъиятҳое, ки бо ҶҲА ҳамкорӣ мекунанд, иштирок доштанд. Кормандони ҶҲА Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти байналмиллалии Салиби Сурх барои иштирокчиён мавзӯъҳоеро дар бораи ҳаракати байналмиллалии СС ва ҲА омода намуда буданд. Котиби генералии ҶҲА Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов дар суханронии худ қайд намуд, ки «Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин кишварест, ки Қонун «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар»-ро қабул намуд, ки ҳамаи ин бо шарофати ҳамкории зичи ҷамъият бо парлумон ва сохторҳои давлатӣ ба даст омадааст».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






