БАРРАСИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ

Февраль 5, 2010 14:12

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор гардид. Муовини вазири молия, раиси комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, қайд намуд, ки бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории хаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом медиҳад. Дар баромади худ сардори бахши Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдуқодиров оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иштирокчиёни семинар-машварат маълумот дод ва қайд намуд, ки Қонуни мазкур барои беҳтар намудани сатҳи зиндагонии мардум ва кам кардани сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаовар аст. Дар семинар-машварат оиди рафти иҷроиши Қонуни мазкур дар ҷумхурӣ дар соли 2009, кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар солхои 2010 — 2012 ва инчунин иштироки фаъолонаи кормандони Вазорати молияи ҷумҳурӣ оиди хариди саҳмияҳои ҶСК НБО «Роғун» муҳокима гардид. Дар фарҷом муовини вазири молияи ҷумхурӣ Ҷ. Норинов қайд намуд,  ки ҳамаи қарору қонунҳо, дастуру супоришхое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, Вазорати молияи ҷумҳурӣ онро сари вақт иҷро менамояд.

Февраль 5, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад