«БЕЛАЗ» ВА СОХТМОНҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Белорус омодааст, ки сохтмонҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мошинҳои боркаши пуриқтидори БелАЗ таъмин намояд. Ин нуқта 12 феврали соли ҷорӣ зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини вазири саноати Ҷумҳурии Белорус Генаддий Свидерский таъқид карда шуд. Муовини вазири Белорус тазаккур дод, ки ҷониби кишвараш омодааст, ки ҳамкориро дар самти соҳаи кишоварзӣ низ вусъат дода, дар таъмини бахши кишоварзии Тоҷикистон бо техникаи таъйиноти кишоварзӣ мусоидат кунад. Инчунин, Кохонаи истеҳсолии «Заводи автомобилбарории Белорус» (БелАЗ) тасмим гирифтааст, ки дар шаҳраки Роғун барои ронандагони мошинҳои тамғаи «БелАЗ» маркази таълимии бозомӯзии ронандагӣ дар ин намуди мошинҳоро таъсис диҳад. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешниҳод кард, ки Белорус дар самти бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ ва насосҳои обкаш низ мусоидат кунад. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва амсоли инҳо низ баррасӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷаласаи байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистону Белорус доир карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






