БЕМОРИИ НАВИ ЗУКОМИ ХУК ПЕШГӮӢ МЕШАВАД

Февраль 26, 2010 10:35

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бо дастгирии ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор бастаи доруи «Тамифлю» барои пешгирӣ   ва табобати бемории «зукоми хук» A/H1N1 ворид карда шуд,- иброз доштанд дар Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, маблағи умумии кӯмак 575 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад. Рӯзҳои наздик дору ба ҳамаи беморхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал аз он гурӯҳи бештар нозук  — кӯдакони навзод, занони ҳомила ва одамони калонсол ба таври ройгон истифода мекунанд. Дар назар аст, ки ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) боз 800 ҳазор воя «Тамифлю» — ро вориди Тоҷикистон менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 19 нафар ба ин беморӣ гирифтор гардид, ки ҳамаи онҳо табобат ёфтанд.  

Февраль 26, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад