ЧАРО МАОШ САРИ ВАҚТ ПАРДОХТА НАМЕШАВАД ?

Февраль 23, 2010 16:56

Душанбе, 23  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  Маблағи  қарзи давлат  аз  ҳисоби  сари  вақт  надодани  музди  кору  маош  дар  Тоҷикистон  аввали  соли равон  бо  назардошти  қарзи  солҳои  гузашта  23  миллион  сомониро  ташкил  дод. Мувофиқи  маълумоти  Кумитаи  давлатии  омори  ҷумҳурӣ, музди  кори  камтарин  дар  соҳаи  истеҳсолоти  моддӣ  моҳи  декабри  соли  2009  дар  соҳаҳои  кишоварзӣ  ва  хоҷагиҳои  моҳипарварию  ҷангалпарварӣ  ба  қайд  гирифта  шуд. Музди  кори  моҳонаи коргарони  ин  соҳаҳо  мувофиқан  144, 189 ва 211  сомонӣ   мебошад.  Маоши  аз  ҳама  зиёд  дар  мамлакат  ба   коргарону  мутахассисони  соҳаи  сохтмон,  хизматрасонии   иттилоотию  ҳисоббарорӣ  дода  мешавад.  Аз  ҷумла,  музди  кори  моҳонаи кормандони  соҳаи  сохтмон 968,83  сомонӣ ва музди  кори  коргарони  муассисаҳои  хизматрасонии  иттилоотию  ҳисоббарорӣ  953,45  сомониро ташкил  медиҳад. Моҳи  декабри  соли  гузашта  маоши  миёнаи  моҳонаи   соҳаи  истеҳсолоти  моддӣ  360  сомониро ташкил  дод, ки   нисбат ба  моҳи  декабри  соли  2008 – ум  17  фоиз  зиёд  мебошад. Дар  байни  соҳаҳои  ғайриистеҳсолӣ   маоши  аз  ҳама  зиёдро  кормандони  муассисаҳои  молиявию  қарздиҳӣ  мегиранд.  Музди  кори  миёнаи  моҳонаи онҳо  моҳи  декабри  соли  2009 – ум  1960  сомонӣ  буд.

Февраль 23, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад