ЧИГИТИ ТУРКӢ ДАР ФАРХОР

Февраль 3, 2010 09:34

Фархор, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Сулайморн Холов).- «Кишоварзони  ноҳияи  Фархор дар давоми соли  сипаригардида  16245 тонна  пахта,  39559 тонна ғалла истеҳсол  намуданд, ки  нисбат ба  соли  2008  18830 тонна  зиёд  мебошад», — гуфт раиси  ноҳия  Шариф  Ғаффоров дар нишасти матбуотӣ. Ш.Ғаффоров ҳамчунин қайд кард, ки дар ин  давра  11830 тонна  картошка, 20004 тонна сабзавот, 16132 тонна полезиҳо  ва  1797 тонна мева ,  990 тонна  ангур  истеҳсол  гардид, ки аз 101 фоиз  то  190 фоизи нақшаро ташкил  мекунад.   Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  масъулини  ноҳия  ба  соҳаи  кишоварзӣ  диққати  махсус  дода,  дар  майдони  9025 гектар  пахта, аз  ҷумла  дар 366 га чигити  навъи  серҳосили  туркии   «Флора», дар  127 га  чигити  навъи  «Кармен»  корида  шуда,  дар  майдони  580 га   бар  зидди  малахи  марокашӣ  заҳрҳои  химиявӣ  пошида   хатари  нобудшавии   зироатҳои  хоҷагии  қишлоқ  бартараф  карда  шудаанд. Ҳоло  дар  ноҳия  1600  хаҷагиҳои  деҳқонӣ-фермерӣ, кооперативҳои  истеҳсолӣ  ташкил  гардида,  барои  таъмини  барномаи  озуқавории  мамлакат  саҳми  босазо мегузоранд.

Февраль 3, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад