ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Февраль 18, 2010 15:06

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади тақвияти ҳисси ватанпарастӣ, ташаккули маҳорати ҷисмонӣ ва дар асоси   Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд.             Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 25 феврали соли равон дар Бошгоҳи ҷумҳуриявии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ миёни сарбозон ва ҷавонони синну соли даъватӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» гузаронида мешавад.             Инчунин, бахшида ба ин чорабинӣ аз 23 то 27 феврал экскурсияҳои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомии вазорату идораҳои қудратӣ гузаронида мешаванд.

Февраль 18, 2010 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад