ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади тақвияти ҳисси ватанпарастӣ, ташаккули маҳорати ҷисмонӣ ва дар асоси Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 25 феврали соли равон дар Бошгоҳи ҷумҳуриявии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ миёни сарбозон ва ҷавонони синну соли даъватӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» гузаронида мешавад. Инчунин, бахшида ба ин чорабинӣ аз 23 то 27 феврал экскурсияҳои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомии вазорату идораҳои қудратӣ гузаронида мешаванд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






