CОХТМОНИ НБО — И «САНГТӮДА-2» БОСУРЪАТ ИДОМА ДОРАД

Февраль 18, 2010 14:34

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар сохмони НБО «Сангтӯда-2» аз ҷониби Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2010 – 103 млн. 291 ҳазору 980 сомонӣ аз ҷумла 51млн. 375 ҳазору 751сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 51млн. 916 ҳазору 229 сомонӣ,  аз ҳисоби ШСХК «Барқи Тоҷик» аз худ карда шуд. Мутобиқи «Созишнома», ҷониби Тоҷикистон бояд аз оғози сохтмон то охири моҳи октябри соли 2009 ба миқдори 32 млн. доллари ИМА пардохт менамуд. Мувофиқи ҳисоботи Ширкати лоиҳакашии «Сангоб»  (ҶИЭ) маблағҳои то моҳи январи соли ҷорӣ пардохтгардида 29 млн. 198 ҳазору 727 доллари ИМА-ро ташкил намуда, қисми боқимондаи пардохтнагардидаи маблағҳо дар ин давра ба миқдори 2 млн. 801 ҳазору 272 доллари ИМА баробар мебошад. Маблағҳои сафарбарнамудаи ҷониби Эрон дар бунёди нерӯгоҳ то имрӯз 122 млн. 864 ҳазору 453 доллари ИМА ва 8,7 млн. евро, аз ҷумла аз тарафи «Бонки тавсеоти содиротӣ» (ҶИЭ) — 86 млн. 813 ҳазору 648 доллари ИМА ва Ширкати лоиҳакашии «Сангоб» — 36 млн. 050 ҳазору 805 доллари ИМА ва 8 млн. 708 ҳазору 180 евроро ташкил менамоянд.  «Дар сохтмони иншооти НБО «Сангтӯда-2» иҷрои ҳамаи корҳо 60,59 фоиз, аз ҷумла корҳои сохтмонии лоиҳа 68,47 фоизро ташкил менамояд» — иттилоъ доданд дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.     

Февраль 18, 2010 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад