ДАР АФҒОНИСТОН ОДАМОН ЗЕРИ БАРФ МОНДАНД
Кобул, 15 феврал. (АМИТ «Ховар – РИА «Новости»). – Сардори хадамоти таъмини амнияти роҳҳои мошингарди Афғонистон генерал Раҷаб ба журналистон хабар дод, ки роҳи асосии мошингарди мамлакат ба воситаи ағбаи Соланг боз бар асари боридани барфи зиёд ва фуромадани тарма баста шуд. Генерал зикр намуд, ки ҳаракати нақлиёт дар ағбаи Соланг шоми рӯзи якшанбе манъ карда шуда буд. Вале гурӯҳи калони ронандагони бемасъулият ғавчӯби посгоҳи кормандони политсияи роҳбонро шикаста, талаботи онҳоро ба инобат нагирифта, бо роҳи ағбаи Соланг ҳаракат карданд. Ҳамон вақт дар роҳи мошингарди ағбаи Соланг дар якчанд ҷой тарма фаромада, садҳо мошини сабукрав, автобусҳо ва мошинҳои боркашро пахш намуд. Корҳои наҷотдиҳӣ дар ағба ду рӯз боз давом доранд. То имрӯз аз зери барфу тарма қариб 200 ҷасад ёфт шуд. Рӯзи гузашта қариб 3000 нафар аз иҳотаи барфу тарма бароварда шуд, гуфт генерал Раҷаб.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






