ДАР ХУҶАНД ДУ МАКТАБИ НАВИ ОЛӢ КУШОДА МЕШАВАД

Февраль 11, 2010 15:15

Душанбе,  11  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  10  феврал дар  маҷлиси  Ҳукумат ба  вазорату  идораҳои  дахлдор  супориш  дод, ки  суръати  сохтмони  НБО «Роғун»  тезонида,  дар баробари ин  ба  сифати кор   ва  истифодаи  сарфакоронаи  масолеҳи  сохтмон  диққати  асосӣ  дода шавад. Зикр  шуд, ки  айни  ҳол дар  сохтмони  ин  нерӯгоҳ  7200 коргар, 630  мошину  механизм ва  59  ташкилоти  сохтмон иштирок дорад.  Аз  ин  ҷумла,  10  ташкилоти  сохтмонӣ  аз  Федератсияи  Русия  мебошад. Инчунин мувофиқи қарори  дар  ҳамин  маҷлис  қабулнамудани  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри  Хуҷанд  мактабҳои нави  олӣ — Донишкадаи  политехникии  Донишгоҳи  техникии  ба  номи  М.Осимӣ ва донишкадаи  иқтисод ва  савдои   донишгоҳи  мазкур   кушода  хоҳанд  шуд. Ғайр  аз ин   дар  ин  ҷо  корхонаи  воҳиди  давлатии  «Экспедитсияи  ҷустуҷӯи  геологии  ашёи  хоми  радиоактивӣ»  ташкил  карда  мешавад.

Февраль 11, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад