ДАР НОҲИЯИ ШӮРООБОД ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС МЕШАВАД.
Шӯрообод, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Бо мақсади фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии мардум дар давоми соли гузашта дар ноҳияи Шӯрообод 16 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ гузаронида шуда, 156 нафар бекорон, аз ҷумла 32 нафар занон ба ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Иброҳим Азизов. Қайд карда шуд, ки 240 нафар шаҳрвандони бешуғли ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Доғистон ва Ёл ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб шуданд, ки 128 нафарашон занону духтарон мебошанд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ муяассар шудааст. Дар маркази иҷтимоии соҳибкории ноҳия 60 нафар шаҳрвандани курсҳои омӯзишии «Кафшергари газию барқӣ» ва «Фермер-боғпарвар» — ро бомуваффақият хатм намуда, 20 нафар занону духтарони ҷамоати деҳоти Чагам омӯзиши курси «Дузандагӣ»-ро айни ҳол давом дода истодаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






