ДАР НОҲИЯИ ШӮРООБОД ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС МЕШАВАД.

Февраль 2, 2010 16:28

Шӯрообод, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Бо  мақсади  фароҳам  овардани  ҷойҳои  нави  корӣ ва паст  намудани  сатҳи  камбизоатии  мардум   дар давоми соли гузашта дар ноҳияи Шӯрообод  16  ярмаркаи  ҷойҳои  нави  корӣ   гузаронида  шуда,  156  нафар  бекорон, аз ҷумла 32 нафар  занон  ба  ҷойҳои  нави  корӣ  таъмин  гардиданд», —  гуфт  зимни  нишасти  матбуотӣ    раиси  ноҳия  Иброҳим  Азизов. Қайд карда шуд, ки 240  нафар  шаҳрвандони  бешуғли   ҷамоатҳои  деҳоти  Шӯрообод,  Доғистон  ва Ёл  ба  корҳои  муздноки  ҷамъиятӣ  ҷалб  шуданд, ки   128  нафарашон  занону  духтарон  мебошанд. Таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ  дар  ноҳия  аз  ҳисоби  ташкили  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  ҷалби  шаҳрвандон  ба корҳои  мавсимӣ муяассар шудааст. Дар   маркази  иҷтимоии  соҳибкории  ноҳия  60  нафар  шаҳрвандани  курсҳои  омӯзишии «Кафшергари  газию  барқӣ»  ва  «Фермер-боғпарвар»  — ро бомуваффақият  хатм  намуда,  20  нафар  занону  духтарони  ҷамоати  деҳоти  Чагам  омӯзиши  курси  «Дузандагӣ»-ро айни  ҳол  давом  дода  истодаанд.        

Февраль 2, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад