ДАР ПОКИСТОН ОДАМОН ЗЕРИ БАРФ МОНДАНД

Февраль 19, 2010 10:43

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар»). —   Тибқи  хабарҳои расида,  дар  яке аз  деҳаҳои  қисмати  шимолу  ғарбии  Покистон бар  асари  боридани  барфи  зиёд  зиёда  аз  50 нафар   зери  барф  монда,  ҳалок  шуданд  ё  бе  ному  нишон  гардиданд. Хабар  дода  мешавад, ки  тамоми  биноҳои  деҳаро   қабати  ғафси  барфу  тарма  зер  кардааст.  Наҷотдиҳандагон   аз  зери  барф  38   ҷасад  ёфтанд.  Ҷустуҷӯи  14  нафар   сокини  боқимондаи  деҳа  давом  дорад. Эҳтимоли  зинда  ёфтани онҳо  торафт  камтар  мегардад. Одатан,  фасли  зимистон  дар  бисёр   минтақаҳои  кӯҳистони  қисмати  шимолии  Покистон  барфу  тарма  деҳаҳои  зиёдеро   пахш  менамояд. Фасли  баҳори  гузашта  дар  вилояти  Кашмир  24 сокини  маҳаллӣ  дар  зери  тарма  ҳалок  гардида буд.

Февраль 19, 2010 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад