ДАР СУҒД БА ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН ТӮҲФА ДОДАНД
Суғд, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Аз соати 6-и субҳ дар участкаи интихоботии рақами 29, воқеъ дар маҳаллаи «Баҳористон»-и ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихобкунандагон дастаҷамъона барои интихоби номзади арзандаи худ ба овоздиҳӣ омаданд. Сокинони ҷамоати Қистакӯз зарур будани иштироки худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарк намуданд. Тавре, ки ба мо раиси участкаи интихоботии рақами 29 Рафиқҷон Холбоев иттилоъ дод, дар ин қитъаи овоздиҳӣ 3039 нафар иштирок мекунанд ва то соати 10:00-1220 нафар ба овоздиҳӣ омадаанд. Дар ҳамин қитъаи овоздиҳӣ ба Қосидова Мутриба, ки аввалин бор дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзад, тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Айни замон овоздиҳӣ ба таври муташакилона идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






