ДАР СУҒД БА ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН ТӮҲФА ДОДАНД

Февраль 28, 2010 17:41

              Суғд, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Аз соати 6-и субҳ дар участкаи интихоботии рақами 29, воқеъ дар маҳаллаи «Баҳористон»-и ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихобкунандагон дастаҷамъона барои интихоби номзади арзандаи худ ба овоздиҳӣ омаданд. Сокинони ҷамоати Қистакӯз зарур будани иштироки худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарк намуданд.            Тавре, ки ба мо раиси участкаи интихоботии рақами 29 Рафиқҷон Холбоев иттилоъ дод, дар ин қитъаи овоздиҳӣ 3039 нафар иштирок мекунанд ва то соати 10:00-1220 нафар ба овоздиҳӣ омадаанд. Дар ҳамин қитъаи овоздиҳӣ ба Қосидова Мутриба, ки аввалин бор дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзад, тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.             Айни замон овоздиҳӣ ба таври муташакилона идома дорад. 

Февраль 28, 2010 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад