ДАЪВОИ Ш. МИРЗИЁЕВ АСОС НАДОРАД
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя бори дигар бо навиштани нома аз номи сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба номи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мухолиф будани худро ба сохтмони НБО – и Роғун изҳор намуданд. Бояд қайд кард, ки дар интихоботи ба наздикӣ баргузоршуда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони Созмони ҷамъиятии экологҳо ба парлумони Ӯзбекистон роҳ ёфтанд. Тавре, ки коршиносони мустақил изҳор мекунанд, мақсад аз роҳ ёфтани «Экологҳо» ба парлумони Ӯзбекистон идома додани мубориза бар зидди сохтмони НБО-и Роғун бо истифода аз таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Аврупо ва дигарон мебошад. Чунончи, сарвазири ҶӮ Шавкат Мирзиёев ҳушдор додааст, ки сохтмони «Роғун» барои вазъи муҳити зист, тақсими об дар минтақа гӯё хатар ва фоҷеаҳои техногенӣ дошта бошад. Ӯзбекистон ҳамчунин огоҳ кардааст, ки дар сурати сарфи назар кардани дархосташон аз сӯи Тоҷикистон, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд. Аммо роҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, вобаста ба номаи зикршудаи сарвазири Ӯзбекистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки алҳол номаи сарвазири Ӯзбекистон дар Ҳукумати Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад. Яраш Пӯлодов, мудири Пажӯҳишгоҳи Вазорати об ва обёрии Тоҷикистон, оид ба ин мавзӯъ назари хешро дорад. Ба гуфти ӯ, гуфтаҳои коршиносон ва мақомоти Ӯзбекистон вобаста ба хатар доштани сохтмони НБО – и «Роғун» асоси илмӣ ва фаннӣ надоранд. Зеро ин лоиҳа чандин маротиба аз ҷониби коршиносони Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ ташхис шудааст ва худи коршиносони ӯзбек дар замони шӯравӣ тарафдори сохтмони НБО-и «Роғун» буданд. Илова бар ин, дар муддати 25 – 30 соли охир олимону донишмандон, мутахассисон ва коршиносон ин мавзӯъро пурра баррасӣ кардаанд ва ҳоҷат ба ташхиси байналмилалӣ, ки Ӯзбекистон дархост кардааст, нест. Бино бар ҳамин сохтмони НБО-и «Роғун» ягон хавф ва хатар надошта, балки ба манфиати ҶӮ ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, зеро масъалаи обёрии заминҳои корам ба таври мусбат ҳалли худро меёбанд.