ФОРУМИ ПАНҶУМИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 18, 2010 10:06

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). —  24 – 25 майи соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Форуми панҷуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар кори Форум  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳамчун ниҳоди масъул иштирок менамояд.             Дар ҷамъомади навбатӣ ва Конференсияи байналмилалие, ки дар чорчубӣ он доир хоҳад гашт, баррасиии масъалаҳои захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва истифодаи оқилона ва босамари он, ҳамкориҳои исқтисодӣ дар чорчӯби СҲШ, имконоти нақлиётию иртиботии СҲШ  ва рушди қудрати транзитии кишварҳои шомили он, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои аъзо нозири СҲШ дар соҳаи амният,  CҲШ ва масъалаи рушди равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, ҳамкориҳои гуманитарӣ  дар чорчӯби    СҲШ, ҳамкориҳои  СҲШ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар кори Форуми панҷум 50 нафар намоянда аз 6 кишвари аъзо – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва чор кишвари нозир — Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон ва ду кишвари Шарикони Муколима — Ҷумҳурии Булорус ва Давлати Шриланка иштирок хоҳанд кард.              

Февраль 18, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад