ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» АВҶ МЕГИРАД

Февраль 8, 2010 15:32

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи ҳисоботҳои фаврии БДА «Амонатбонк» ва бонкҳои тиҷоратӣ дар рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» як миллиону 787 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз ҷумла, пули нақд як миллиону 729 ҳазору 300 сомонӣ ва  маблағҳои ғайринақдӣ  58 ҳазру  500 сомониро ташкил намуданд. Аз маблағҳои ба суратҳисобҳои сохтмони НБО «Роғун» воридгардида ба вилояти Суғд — 772 ҳазору 900 сомонӣ, вилояти Хатлон — 625 ҳазору 300 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ — 167 000 сомонӣ ва шаҳри Душанбе — 222 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ ба санаи 6 феврали соли ҷорӣ, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо, бо назардошти кӯмакҳои молиявӣ 692 миллиону 308  ҳазору 250 сомонӣ ворид гардид. Аз ҷумла дар суратҳисобҳои БДА «Амонатбонк» — 35 778 731 сомонӣ; ҶСК «Ориёнбонк» -134 235 400 сомонӣ; ҶСК «Агроинвестбонк» — 107 653 200 сомонӣ; ҶСП «Тоҷпромбонк» — 5 940 700 сомонӣ; ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — 11 846 300 сомонӣ; ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-1 934 600 сомонӣ; ҶСП «Фононбонк» -2 132 000 сомонӣ; — ҶСК «Бонки Эсхата» -1 739 200 сомонӣ ва  хазинадории Вазорати молия – 391 048 119 сомонӣ маблағ нигоҳ дошта шудааст. Фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НОБ Роғун» ва воридоти ҳаҷми умумии маблағҳо аз рӯи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ —  ВМКБ — 9 миллиону 257 ҳазору 726 сомонӣ, вилояти Суғд — 155 миллиону 435 ҳазор 328 сомонӣ, вилояти Хатлон -107 миллиону 690 ҳазору 167 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ — 64 миллиону 674 ҳазору 931 сомонӣ ва шаҳри Душанбе -197 миллиону 839 ҳазору 518 сомониро ташкил намуд.  Аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаҳои азим, бонкҳо ва  шахсони ҳуқуқӣ бошад, 157 миллиону  410 ҳазору 580 сомонӣ ҷамъоварӣ шуд.

Февраль 8, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад