ГАРМХОНА — МАНБАИ СЕРДАРОМАД
Абдуҳалим Раҳмоновро ҳамчун лимӯпарвари номӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳамагон мешиносанду, ҳурмату эҳтиромаш мекунанд. Зеро вай аз хурдсолӣ дар таҳти соябонии падари бузургвораш Абдураҳим Раҳмонов нозукиҳои ин касби пуршарафро омӯхтааст. Соли 2007 бо дастгирии раиси вилоят – Коҳир Расулзода дар Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии ба номи Домулло Азизови ноҳияи Б.Ғафуров хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим-саркор»-ро ташкил намуд. 16 гармхонаи таи чанд солҳо бекор хобидаро, ки дар ҳолати харобӣ буд аз нав барқарор ва обод кард. Замоне аз ин гармхонаҳо падараш Абдураҳим-саркор тамоми вилоятро бо лимӯи тару тоза таъмин менамуд. Инак, гармхона аз нав эҳё гардид. Руҳу арвоҳи падарашро шод кард. Ҳоло хоҷагии деҳқоние, ки Абдуҳалим Раҳмонов сарварӣ менамояд, ба ғайр 16 гармхона майдони пахтазор, боғу майдон дорад ва соли ҷорӣ аз он ҳосили фаровон ба даст овард. Аз ҳисоби даромадҳои хоҷагии Абдуҳалим аҳд кардааст, ки ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ саҳмияи НБО «Рогун»-ро харидорӣ намояд. Аз ҳисоби пасандози оилавиаш аллакай вай дар ду марҳила ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






