ГАРМХОНА — МАНБАИ СЕРДАРОМАД

Февраль 19, 2010 12:44

Абдуҳалим Раҳмоновро ҳамчун лимӯпарвари номӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳамагон мешиносанду, ҳурмату эҳтиромаш мекунанд. Зеро вай аз хурдсолӣ дар таҳти соябонии падари бузургвораш Абдураҳим Раҳмонов нозукиҳои ин касби пуршарафро омӯхтааст. Соли 2007 бо дастгирии раиси вилоят – Коҳир Расулзода дар Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии ба номи Домулло Азизови ноҳияи Б.Ғафуров хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим-саркор»-ро ташкил намуд. 16 гармхонаи таи чанд солҳо бекор хобидаро, ки дар ҳолати харобӣ буд аз нав барқарор ва обод кард. Замоне аз ин гармхонаҳо падараш Абдураҳим-саркор тамоми вилоятро бо лимӯи тару тоза таъмин менамуд. Инак, гармхона аз нав эҳё гардид. Руҳу арвоҳи  падарашро шод кард. Ҳоло  хоҷагии деҳқоние, ки Абдуҳалим Раҳмонов сарварӣ менамояд, ба ғайр 16 гармхона майдони пахтазор, боғу майдон дорад ва соли ҷорӣ аз он ҳосили фаровон ба даст овард. Аз ҳисоби даромадҳои хоҷагии Абдуҳалим аҳд кардааст, ки ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ саҳмияи НБО «Рогун»-ро харидорӣ намояд. Аз ҳисоби пасандози оилавиаш аллакай вай дар ду марҳила ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуд.

Февраль 19, 2010 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад