ХАБАРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи мактуби Бонки миллии Украинаро дар бораи барҳам додани Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бонки саноатии Украина» барои гирифтани маълумот ва истифода дар фаъолияташон ба ҳамаи бонкҳои мамлакат фиристод. Дар мактуб гуфта мешавад, ки мувофиқи моддаи 73 Қонуни Украина «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» Бонки миллии Украина дар бораи барҳам додани «Бонки саноатии Украина» қарор қабул кардааст. Дар мактуб таъкид карда мешавад, ки аз рӯзи қабули қарори мазкур дар бораи бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти бонк ва ташкили комиссияи барҳамдиҳӣ фаъолияти раёсати бонк қатъ карда мешавад. Минбаъд ҳалли ҳамаи масъалаҳои идора ва ихтиёрдории бонки мазкур ба зиммаи комиссияи барҳамдиҳӣ гузошта мешавад. Инчунин комиссияи барҳамдиҳӣ вазифаи мақомоти идораи бонк, аз ҷумла имзои қарордоду созишномаҳоро ба зиммаи худ мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






