ХАРИДОРИИ САҲМИЯҲО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Февраль 18, 2010 10:03

Ваҳдат, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре ки директори Кооперативи истеҳсолии ба номи А.Кенҷаев, Муродалӣ Маҳмадалиев зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хоҷагидорони коопертиви мазкур соли гузашта 1095 тонна ғалла,  420 тонна сабзавот, 168 тонна картошка истеҳсол карданд.  «Албатта ин нишондодҳо барои кооперативи истеҳсолии мо қаноаткунанда нест, бинобар ҳамин ният дорем, ки имсол бо истифода аз имкониятҳои мавчуда истеҳсоли сабзавоту ғалларо афзун намоем», мегӯяд М.Маҳмадалиев. Кормандони кооперативи истеҳсолии ба номи А.Кенҷаев ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»- ро харидорӣ карда дар баробари дигар сокинони мамлакат дар ин иншооти миллӣ сахҳми худро гузоштанд. Бояд гуфт, ки сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Бурунови ноҳтят Ваҳдат то имрӯз ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО Роғунро  харидорӣ карданд.

Февраль 18, 2010 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд