ХАРИДОРИИ САҲМИЯҲО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре ки директори Кооперативи истеҳсолии ба номи А.Кенҷаев, Муродалӣ Маҳмадалиев зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хоҷагидорони коопертиви мазкур соли гузашта 1095 тонна ғалла, 420 тонна сабзавот, 168 тонна картошка истеҳсол карданд. «Албатта ин нишондодҳо барои кооперативи истеҳсолии мо қаноаткунанда нест, бинобар ҳамин ният дорем, ки имсол бо истифода аз имкониятҳои мавчуда истеҳсоли сабзавоту ғалларо афзун намоем», мегӯяд М.Маҳмадалиев. Кормандони кооперативи истеҳсолии ба номи А.Кенҷаев ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»- ро харидорӣ карда дар баробари дигар сокинони мамлакат дар ин иншооти миллӣ сахҳми худро гузоштанд. Бояд гуфт, ки сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Бурунови ноҳтят Ваҳдат то имрӯз ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО Роғунро харидорӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






