ХУСУСИГАРДОНИИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то аввали соли 2010 дар ҷумҳурӣ 258,1 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ хусусӣ карда шудааст. Аз ҷумлаи хонаҳои хусусикардашуда 190 ,4 ҳазори он фурӯхта шуда, 3,7 ҳазор манзили истиқоматӣ бо пардохти қисми маблағ ва 64 ҳазори он ба аҳолӣ бепул дода шудааст. Масоҳати умумии хонаҳои хусусигардонидашуда 14, 2 млн. метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2346 хонаи истиқоматӣ, дар вилояти Суғд — 37724, вилояти Хатлон – 83476, шаҳри Душанбе – 114836 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19684 манзили истиқоматӣ хусусӣ карда шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






