ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Роҳбарияти Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов бо Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари шаҳри Маскав созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд. Созишнома 22 феврал зимни ташрифи раиси Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари шаҳри Маскав Рамазон Абдулатифов ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон имзо карда шуд. Ҳадафи созишнома ба роҳ андохтани ҳамкорӣ ва ба вуҷуд овардани фазои воҳиди илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии Русия ва Тоҷикистон мебошад. Дар созишнома ба масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои варзидаи соҳаи мусиқӣ диққати калон дода мешавад. Рамазон Абдулатифов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав донишкадаи махсуси мусиқӣ дорад ва ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ҳалли проблемаи кадрҳо кӯмак расонда метавонад. Тибқи созишнома кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳи фарҳангу ҳунари Маскав маҳорати худро такмил дода, таҷриба омӯхта, рисолаҳои илмӣ тайёр карда ва барномаҳои муштаракро амалӣ сохта метавонанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






