ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Субҳи имрӯз дар шаҳри Ваҳдат интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ мутташаккилона оғоз ёфт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ҳавзаи интихоботии №10 — и шаҳри Ваҳдат Ҳокима Мирзоева иттилоъ дод, то соати 10 рӯзи 28 феврал аз шумораи 118 ҳазору 956 нафар интихобкунанда, аллакай зиёдка 32 ҳазор интихобкунанда овози худро ба номзадҳои арзанда дода қарзи шаҳрвандии худро иҷро карданд. Аз рафти интихобот дар ш.Ваҳдат нозирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ назорат бурда то ҳол ягон қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо ба қайд гирифта нашудааст. Маъракаи муҳими сиёсӣ то соати 20 идома меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






