ИНТИХОБОТ — МАЪРАКАИ МУҲИМ

Февраль 11, 2010 16:04

Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ҷараёни омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқӣ дар яке аз ноҳияи калонтарини мамлакат – ноҳияи Рӯдакӣ низ бо ҷӯшу хӯруш идома дорад. Дар ноҳияи мазкур ду ҳавзаи интихоботӣ: рақами 8 ва 9, ки бештар аз 174 ҳазору 235 нафар интихобкунанда дорад, ба интихобот пурра омодаанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо кабинаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои махсус, дастуру ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин мебошанд. Аъзоёни комиссия барои баланд бардоштани сатҳи маълумоти даркорӣ доир ба интихобот, дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок намудаанд. Алҳол вохўрии номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ идома дорад. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳавзаи рақами 8-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии номзадҳо Галия Рабиева, Нурулло Халилов, Абдурашид Ҳакимов, Тағоймурод Куганов, Ниёзбек Алибеков, аз ҳавзаи рақами 9 муштарак ба ноҳияи Варзоб  Давлаталӣ Давлатзода, Муҳамадалӣ Ҳаитов, Нуралӣ Ғаффоров, Шамъигул Раҷабова, Аслам Фозилов бо интихобкунандагон мунтазам идома дорад. Тавре муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мавҷуда Бобоева ба хабарнигори  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» зимни сӯҳбат иброз дошт, тамоми мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз омодагии ҳаматрафа дида, дар рӯзи интихобот мутташаккилона ва бо рӯҳияи баланди  ватандӯстӣ ширкат хоҳанд кард.

Февраль 11, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад