ИНТИХОБОТ — МАЪРАКАИ МУҲИМ
Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ҷараёни омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқӣ дар яке аз ноҳияи калонтарини мамлакат – ноҳияи Рӯдакӣ низ бо ҷӯшу хӯруш идома дорад. Дар ноҳияи мазкур ду ҳавзаи интихоботӣ: рақами 8 ва 9, ки бештар аз 174 ҳазору 235 нафар интихобкунанда дорад, ба интихобот пурра омодаанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо кабинаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои махсус, дастуру ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин мебошанд. Аъзоёни комиссия барои баланд бардоштани сатҳи маълумоти даркорӣ доир ба интихобот, дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок намудаанд. Алҳол вохўрии номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ идома дорад. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳавзаи рақами 8-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии номзадҳо Галия Рабиева, Нурулло Халилов, Абдурашид Ҳакимов, Тағоймурод Куганов, Ниёзбек Алибеков, аз ҳавзаи рақами 9 муштарак ба ноҳияи Варзоб Давлаталӣ Давлатзода, Муҳамадалӣ Ҳаитов, Нуралӣ Ғаффоров, Шамъигул Раҷабова, Аслам Фозилов бо интихобкунандагон мунтазам идома дорад. Тавре муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мавҷуда Бобоева ба хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» зимни сӯҳбат иброз дошт, тамоми мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз омодагии ҳаматрафа дида, дар рӯзи интихобот мутташаккилона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ширкат хоҳанд кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






