ИСТЕҲСОЛИ 239,9 МЛН. СОМОНӢ МОЛҲОИ САНОАТӢ

Февраль 26, 2010 10:42

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис тон дар моҳи январи соли 2010 ба маблағи 150,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 15, 6 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои коркарди пахта бошад,  дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 62,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 15,1 фоиз зиёд мебошад. Корхонаҳое, ки  дар  ҳайати вазорату идораҳои ҶТ дохил нестанд дар давоми як моҳи соли 2010 ба маблағи 239,9 млн. сомонӣ молҳои саноатӣ истеҳсол карданд. Дар ин муддат дар корхонаҳои саноатии ВМКБ ба андозаи 3 млн.291 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд – 105 млн. 853, вилояти Хатлон – 177 млн. 820, шаҳри Душанбе – 41 млн. 196 ва НТҶ ба мқдори 224 млн. 704  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Февраль 26, 2010 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд