ИЗҲОРОТИ САФОРАТХОНАИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 25, 2010 10:31

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Сафоратхонаи  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вобаста ба  муҳокимаи  фаъолияти  панҷ  ҳафтаномаи  мустақили  Тоҷикистон,  аз  ҷумла ҳафтаномаҳои  «Азия – Плюс»,  «Озодагон», «Фараж»,  «Пайкон»  ва «Миллат» дар  мақомоти  суд изҳори ташвиш  менамояд. Дар  шӯъбаи  робита бо  ҷомеаи  Сафорати  ИМА  дар  Тоҷикистон   зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  карда  шуд, ки  воситаҳои  ахбори оммавӣ  дар  таҳкими  суботи  вазъияти  ҷомеа  бо  роҳи   паҳн  намудани  иттилоот роҷеъ ба  фаъолияти  ҳукумат,  фош  кардани   муносибатҳои  ғайриодилона  ва таъмини  таҳлили  мустақилона  нақши  муҳим  мебозанд. Муҳокимаи  қазияи  ҳафтаномаҳо  сабаби   қатъ  ёфтани  нашри онҳо  мегардад, ки ин  ба  озодии  матбуот зарбаи  ҷиддӣ  хоҳад  зад. Дар  изҳороти  сафорат  гуфта  мешавад, ки   давлатҳои  аъзои  Созмони   амнияту  ҳамкории   Аврупо  ӯҳдадор  гардидаанд, ки   озодии  матбуотро  бо  роҳи додани  кафолат  ба  муҳофизати  воситаҳои  ахбори оммавӣ  аз  таъқибот  ва ҳифзи  ҳуқуқи  журналистон  аз  мақомоти  суд таъмин  намоянд. Бо  ин  роҳ  воситаҳои  ахбори оммавӣ  вазифаи  худро  иҷро  карда  метавонанд. Мо  ташвиши  худро  дар  ин  масъала  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон  баён  намудем ва  қотеона  хоҳиш  кардем, ки  мақомоти  судро  ҳамчун  воситаи таъқиби   воситаҳои  ахбори оммавии  мустақил ё  маҳдуд  сохтани  озодии  сухан  истифода  набарад, гуфта  мешавад  дар  изҳороти  сафоратхона.

Февраль 25, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад