ИЗҲОРОТИ САФОРАТХОНАИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳокимаи фаъолияти панҷ ҳафтаномаи мустақили Тоҷикистон, аз ҷумла ҳафтаномаҳои «Азия – Плюс», «Озодагон», «Фараж», «Пайкон» ва «Миллат» дар мақомоти суд изҳори ташвиш менамояд. Дар шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр карда шуд, ки воситаҳои ахбори оммавӣ дар таҳкими суботи вазъияти ҷомеа бо роҳи паҳн намудани иттилоот роҷеъ ба фаъолияти ҳукумат, фош кардани муносибатҳои ғайриодилона ва таъмини таҳлили мустақилона нақши муҳим мебозанд. Муҳокимаи қазияи ҳафтаномаҳо сабаби қатъ ёфтани нашри онҳо мегардад, ки ин ба озодии матбуот зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад. Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки давлатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ӯҳдадор гардидаанд, ки озодии матбуотро бо роҳи додани кафолат ба муҳофизати воситаҳои ахбори оммавӣ аз таъқибот ва ҳифзи ҳуқуқи журналистон аз мақомоти суд таъмин намоянд. Бо ин роҳ воситаҳои ахбори оммавӣ вазифаи худро иҷро карда метавонанд. Мо ташвиши худро дар ин масъала ба Ҳукумати Тоҷикистон баён намудем ва қотеона хоҳиш кардем, ки мақомоти судро ҳамчун воситаи таъқиби воситаҳои ахбори оммавии мустақил ё маҳдуд сохтани озодии сухан истифода набарад, гуфта мешавад дар изҳороти сафоратхона.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






