ИЗҲОРОТИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Роҳбари дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ 11 феврал ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамаи минтақаҳои мамлакат аз 1 феврали соли равон сар карда, ҳар шабонарӯз аз 10 то 11 соат қувваи барқ мегиранд, ба пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилояту баъзе шаҳрҳои калони саноатӣ кувваи барқ бемаҳдудият дода мешавад. Бо вуҷуди нисбатан сард шудани ҳаво дар давоми рӯзҳои охир Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намуда, ҳамаи минтақаҳои мамлакатро бо қувваи барқ мунтазам таъмин менамояд. Нозир Ёдгорӣ зикр кард, ки айни ҳол дар мамлакат ҳар рӯз бештар аз 50 миллион киловатт — соат қувваи барқ истеҳсол карда мешавад, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 40 то 45 фоиз зиёд аст. Соли гузашта дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 26,5 миллион киловатт — соат қувваи барқ истеҳсол карда мешуд. Инчунин ба туфайли истифода бурдани чароғакҳои барқии каммасраф соли 2009 дар миқёси мамлакат 875 миллион киловатт – соат қувваи барқ сарфа карда шуд. Қайд карда шуд, ки ба истифода дода шудани НБО «Сангтӯда — 1», 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ ва сохта шудани хати интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб – Шимол» ба сарфакорона истифода бурдани оби обанбори Норак мусоидат намуданд. Айни ҳол сатҳи оби обанбори мазкур бештар аз 878 метр мебошад, ки нисбат ба порсола 17 метру 80 сантиметр зиёд аст. Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» минтақаҳои мамлакатро бо барқ таъмин намуда, аз аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо тақозо менамояд, ки пули қувваи барқи истифодабурдаашонро сари вақт пардозанд. Қайд карда шуд, ки мувофиқи қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз аввали соли 2010 сар карда, барои сари вақт насупоридани пули қувваи барқи истифодашуда ҷарима гирифта мешавад. Қоидаҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 1998 тасдиқ карда буд. Акнун ҳамаи истифодабарандагон дар мавриди сари вақт надодани пули он ба андозаи 0,1 фоизи маблағе, ки бояд аз рӯи ҳисобкунаки барқӣ ё нархномаи додаи нозирон то рӯзи панҷуми моҳи оянда ё рӯзе, ки мувофиқи шартномаи имзокардаи истифодабарандагон ва таъминкунандаи қувваи барқ муқаррар карда шудааст, ҷарима месупоранд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






