ИЗҲОРОТИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ «БАРҚИ ТОҶИК»

Февраль 12, 2010 10:24

Душанбе,   12  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Роҳбари   дафтари  матбуоти   Ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» Нозир  Ёдгорӣ  11  феврал  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  ҳамаи  минтақаҳои  мамлакат аз 1  феврали  соли  равон  сар  карда, ҳар  шабонарӯз  аз  10 то 11  соат қувваи барқ мегиранд, ба  пойтахти  ҷумҳурӣ ва   маркази  вилояту  баъзе   шаҳрҳои  калони  саноатӣ  кувваи  барқ  бемаҳдудият  дода  мешавад. Бо  вуҷуди  нисбатан  сард  шудани  ҳаво  дар  давоми  рӯзҳои охир  Ширкати саҳҳомии  «Барқи  тоҷик»  дастурҳои  Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмонро  иҷро  намуда,  ҳамаи  минтақаҳои  мамлакатро  бо  қувваи  барқ  мунтазам  таъмин  менамояд. Нозир  Ёдгорӣ  зикр  кард,  ки  айни  ҳол  дар  мамлакат  ҳар  рӯз  бештар  аз  50 миллион  киловатт —  соат  қувваи барқ  истеҳсол  карда  мешавад,  ин  нисбат ба  ҳамин  давраи соли  гузашта аз 40 то  45   фоиз  зиёд  аст. Соли  гузашта  дар  ҳамин  давра   дар  ҷумҳурӣ  ҳамагӣ  26,5  миллион  киловатт —  соат  қувваи  барқ  истеҳсол  карда  мешуд. Инчунин  ба туфайли  истифода бурдани  чароғакҳои барқии  каммасраф  соли  2009  дар  миқёси  мамлакат  875 миллион  киловатт – соат  қувваи барқ  сарфа  карда  шуд. Қайд  карда  шуд, ки  ба  истифода дода шудани  НБО «Сангтӯда — 1»,  50  нерӯгоҳи  хурди барқӣ  ва  сохта шудани  хати интиқоли барқи  500 — киловолтаи «Ҷануб – Шимол» ба  сарфакорона  истифода бурдани оби  обанбори  Норак   мусоидат  намуданд.  Айни  ҳол  сатҳи оби  обанбори  мазкур   бештар  аз  878  метр  мебошад, ки  нисбат ба  порсола  17  метру  80  сантиметр  зиёд  аст. Ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» минтақаҳои  мамлакатро бо  барқ  таъмин  намуда,  аз  аҳолӣ  ва  корхонаю  муассисаҳо  тақозо  менамояд, ки  пули   қувваи барқи  истифодабурдаашонро  сари  вақт  пардозанд. Қайд  карда  шуд, ки мувофиқи  қоидаҳои  истифодаи  қувваи барқ  ва  гармӣ  аз  аввали  соли  2010  сар  карда,   барои  сари  вақт  насупоридани  пули  қувваи  барқи  истифодашуда  ҷарима   гирифта  мешавад.  Қоидаҳои  мазкурро  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  6  марти   соли  1998  тасдиқ  карда  буд. Акнун  ҳамаи  истифодабарандагон дар  мавриди  сари  вақт  надодани   пули  он  ба  андозаи 0,1  фоизи  маблағе, ки бояд   аз рӯи  ҳисобкунаки  барқӣ  ё  нархномаи додаи  нозирон то рӯзи  панҷуми  моҳи  оянда  ё  рӯзе, ки  мувофиқи  шартномаи  имзокардаи   истифодабарандагон  ва таъминкунандаи  қувваи  барқ  муқаррар  карда  шудааст,  ҷарима  месупоранд.  

Февраль 12, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст