КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД

Февраль 18, 2010 15:48

      Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов иттилоъ дод, чун ҳарвақта оташбозии кӯдакон сабаби сар задани сӯхтор мешавад.            Чунончӣ, 17 феврали соли ҷорӣ дар манзили истиқоматии Каримбой Муродови 83 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд набераи соҳибхона Мазбутҷон Муродови 3 сола оташбозӣ карда, сабаби ба амал омадани сӯхтор гашт. Алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ паҳн шуда қисман масолеҳи чӯбин ва ҳезумро сӯхта нобуд гардонд.           Бо қабули бонги хатар гурӯҳи оташнишонони  қисми 36 -и ноҳияи мазкур ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ оташнишонон ба маблағи 13 ҳазору 500 сомонӣ амволи соҳибхонаро аз нобуд шудан нигоҳ доштанд. Зарари аз сӯхтори  ба амал омада 575 сомониро ташкил медиҳад. 

Февраль 18, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад