КӮМАКИ ХАЙРИЯИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 53 вагон кӯмаки хайрия фиристод. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ҳукумати Қазоқистон дар бораи расондани кӯмаки хайрия 29 январ қарор қабул карда буд. Кӯмаки хайрия аз 1000 тонна ярмаи биринҷ ва 1500 тонна равғани наботӣ иборат аст. Кӯмаки мазкур аз Қазоқистон фиристода шуд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мерасад, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






