КЕЛИН САБАБГОРИ САР ЗАДАНИ СӮХТОР
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 17 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 42 ҳазору 478 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 272 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 6, вилояти Хатлон – 8, шаҳри Душанбе – 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса аз беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Имомиддин Фазлиддинов, истиқоматкунандаи деҳаи Қурбоншоҳиди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки ронандаи идораи коммуналии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе мебошад, гашт. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 18 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Тафтиш муайян намуд, ки гунаҳкор келини хона Халифа Шарипова буда, зарар аз сӯхтор 19 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






