КЕЛИН САБАБГОРИ САР ЗАДАНИ СӮХТОР

Февраль 12, 2010 17:11

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 17 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 42 ҳазору 478 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 272 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 6, вилояти Хатлон – 8, шаҳри Душанбе – 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса аз беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Имомиддин Фазлиддинов, истиқоматкунандаи деҳаи Қурбоншоҳиди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки ронандаи идораи коммуналии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе мебошад, гашт. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 18 метри мураббаъ молу амволи хона сӯхта зарар дид. Тафтиш муайян намуд, ки гунаҳкор келини хона Халифа Шарипова буда, зарар аз сӯхтор 19 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  

Февраль 12, 2010 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд