КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Пагоҳ, 11 феврал маросими супоридани адабиёти илмӣ-методӣ ва бадеӣ аз Федератсияи Русия барои мактабҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастурҳои таълимӣ дар доираи Барномаи мақсадноки федералии «Забони русӣ» ба ҷониби Тоҷикистон пешкаш карда мешаванд. Дар маросими супоридани китобҳо Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов иштирок мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






