КОҲИ КӮҲНАРО БОЗ БОД МЕДИҲАНД
Тавсассути матбуот, алалхусус рӯзномаи ҳукуматии Ҷумҳурии ӯзбекистон «Правда Востока» нашр шудани мактуби Савазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз кӯшиши бори дигар ба гумроҳӣ андохтани ҷомеа ва халал расонидан ба сохтмони НБО-и Роғун, ки имрӯз ба идеали миллии кишвари мо табдил ёфтааст, беш нест. Шояд баъзеҳо ба мукотибаи ду сарвазир дахолат намудани маро андак беназокатӣ шуморанд, вале аз- баски ин мавод дар матбуот (шояд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии ӯзбекистон) нашр шудааст, ман ҳамчун журналисти солҳо боз ба таҳлили масъалаҳои энергетика, алалхусус проблемаи Роғун, машғул ва ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон худро соҳибҳуқук ва вазифадор медонам, ки он «факт»-у «далел»-ҳои овардаи Сарвазири ӯзбакистонро шарҳ диҳам, то хонандагон бори дигар ба роҳгумӣ наафтанд. Аввал дар бораи ташхис (экспертиза)-е, ки мухолифони Роғун пайваста ба он такя менамоянд: Тавре пеш аз ин ҳам қайд шуда буд, лоиҳасозӣ, асоснокнамоии техникӣ-иқтисодӣ ва бунёди Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун, ки аз обанбор ва нерӯгоҳ иборат хоҳад буд, маҳз бо таклифи роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳуриҳои Туркманистон ва ӯзбекистон ва розигии роҳбарияти Тоҷикистон, ба хотири пешгирии фоҷиаи экологии вобаста бо норасоии об ва танзими об дар заминҳои навкорам, инчунин таъмини тамоми минтақа бо барқе, ки истеҳсоли он зарари экологӣ надорад, амалӣ гаштааст. Ва маълум аст, инро вақт ҳам исбот намудаст, ки ягон тарҳи азими овони СССР бе асосноксозии комил пешниҳод ва амалӣ намегашт. Дар ин замина, лоиҳаи сохтмони Роғун чанд маротиба ташхисҳои экспертизиро аз сар гузарондааст. Баъд аз он ки таҳияи техникии лоиҳа моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расид, он моҳи декабри худи ҳамон сол аз тарафи пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии «Гидропроект» ва моҳи июни соли 1979 дар Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати энергетикаи СССР муҳокима шуд. Дертар, моҳи октябри соли 1980 дар Главгосэкспертизаи Кумитаи давлатии сохтмони СССР лоиҳа мувофиқа гардид ва аз тарафи Совети Вазирони СССР, мутобиқи дастури № 2411-р, аз 27 ноябри соли 1980 дар параметрҳои интихобӣ тасдиқ гардид… Ин экспертизаи нахустини лоиҳа буд, ки Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун аз он бо муваффақият гузашт; олимони сатҳи баланди умумииттифоқ тасдиқ намуданд, ки Роғун фақат метавонад манфиатбахш бошад. Бори дуюм баъди даҳ сол, тавре дар боло ишора намудем, вақте проблемаи баҳри Арал ба миён омад, махсусан баъди он ки 19 сентябри соли 1988 Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои қатъии беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал» нашр шуд, ҳарчанд ки маҷмааи гидроэнергетикии Роғун дар мувофиқа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳамчун лоиҳаҳое, ки бунёди он ҳам афзоиши эхтиёҷотро ба нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза қаноатманд месозад ва ҳам танзимкунандаи захираҳои обӣ ба шумор меравад, маъқул дониста шуда ва аз экспертизаи мӯътамад гузашта буд, мутобиқи мактуби Кумитаи давлатии сохтмони СССР № 5799, аз 10 феврали соли 1990 як бори дигар ба экспертиза фаро гирифта шуд. Ва, мутобиқи Қарори зеркомиссияи экспертӣ ва гурӯҳи экспертии Кумитаи давлатии сохтмони СССР, аз 5 июл ва 10 октябри соли 1990, эътимоднокии иншоот ва дар мавзеи интихобшудаи сохтмон ва дарғоти он, инчунин мавҷуд набудани ҳеҷ гуна муносибати мутақобили муҳандисиро дар Маҷмааи гидроэнергетикӣ бори дигар тасдиқ намуд. Тасдиқи дигари эътимоднокии дарғот боз ин аст, ки он аз ҷиҳати таркиб ба садди обанбори Норак ва хоктӯдаи Усой, ки ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта. соли 1913 пеши дарёро банд намуда, кӯли Сарезро ба вуҷуд оварда буд, буд, таъвам мегардад. Ин иншоотҳо, яке сунъӣ ва дигаре табиӣ, кайҳо аз имтиҳони вақт гузаштааанд. Ин ба даъвои мухолифон дар бораи дар мавзеи ҳассоси заминҷунбӣ қарор доштани иншоот низ ҷавоб дода метавонад. Воқеан, масъалаи асоснок кардани таъсири ниҳоии сейсмикии мавзеи сохтмони НБО-и Роғун дар машварати махсуси коршиносон дар Германия, ки ширкати «lahweyer Intermational» бо иштироки коршиносони байналмиллалӣ баргузор карда буд ва ҳамчунин 5-6 декабри соли 2006 дар шаҳри Москва муҳокима гардид. Вобаста ба он, протокол тартиб дода шуд, ки дар он коршиносони институтҳои эътирофшудаи ҷаҳон бо назардошти ҳама маводҳои мавҷуда якдилона ба қароре омаданд, ки эҳтимоли сар задании зилзила дар мавзеи сохтмони НБО-и Роғун аз 0,5g ( аз рӯи ҷадвали маҷудаи MSK, ки ба 12 балл мерасад, ба 9 балл баробар аст) баланд нахохад шуд. Дар тадқиқоти олимон А. М. Бобоев, А. Р. Ищук ва С. Х. Неъматуллев низ ин факт тасдиқ мешавад. Инро ҳам бояд ёддовар шуд, ки соли гузашта сарбанди Норак ҳамчун боэътимодтарин сарбанди дунё мукофоти тиллоӣ гирифт. Сеюмин таҳияи экспертизие, ки Роғун бомуваффақият пушти сар намуд, асосноксозии техникӣ-иқтисодие буд, ки онро тибқи фармоиши ҶСШК «Русский алюминий» (РусАл) ширкати дар тамоми олам маъруфи олмонии «Lahmeyer Interпational» гузаронд. Ин ширкат таъсири шароити мураккаби сейсмикӣ, гуногунии ҷинсҳои кӯҳиро омӯхта, тасдиқ намуд, ки аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ амалӣ намудани сохтмони маҷмааи гидроэнергетикӣ Роғун ҷоиз аст. Ин асосноксозӣ ба манфиати анҷомёбии сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун мувофиқ буда, тибқи варианти такмил додаи лоиҳа, бо назардошти технологияи нави сохтмонӣ, ки институти «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд соли 1978 омода намуда буд, ба манфиатнок анҷом пазируфтани он имконият фароҳам овард. Алайҳи даъвоҳои мухолифони сохтмони Роғун ҷониби Тоҷикистон ҳама вақт ба ҳама гуна санҷишу экспертизаҳо омода аст. Алҳол Бонки ҷаҳонӣ ба нақша гирифтааст, ки асосноксозии техникӣ-иқтисодии Маҷмааи гидроэнергетикии Роғунро дар ҷанбаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ гузаронад. Ҳоло таҳияи асноди лоиҳавии анҷом додани сохтмон бо иштироки мутахассисони институти Гидропроекти шаҳри Москва идома дорад. Ҳангоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ш. Копенгаген, 16 декабри соли 2009 бор идигар ба ин масъала рӯ оварда, аз ҷумла қайд намуд: «Барои таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ инчунин гузаронидани арзёбии умумии таъсири низоми куллан кӯҳнаву бесамари истифодаи обро ба вазъи экологӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид қобили қабул мешуморем. Зеро маҳз истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об барои обёрии заминҳои кишт ба маҳв гардидани баҳри дар гузашта бузурги Арал оварда расонида истодааст. Дар баробари ин, кишвари мо омода аст, ки дар беҳтар намудани иқлим саҳми муносиб гузорад. Имрӯз қариб 70 фоизи қувваи барқи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳамасола ба ҳаво миллионҳо тонна гази ангидриди карбонро мепартоянд. Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт- соат нерӯи барқ дар як сол мебошад, ки дар айни ҳол ҳамагӣ 5-6 фоизи он аз худ шудааст. Ин иқтидор, яъне 527 миллиард киловатт – соат аз талаботи кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво мусоидат мекунад, балки боиси сарфаи захираҳои нафт, газ ва ангишт, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа ҷиҳати истеҳсол намудани қувваи барқ истифода мешаванд, мегардад…» Ба ғайр аз ин ҳама, соли 2008 ноиб — президенти Комиссияи байналмиллалӣ роҷеъ ба сарбандҳои бузург профессор Х.Б. Абадҷиев асосноксозии техникӣ-иқтисодии Маҷмааи гидроэнергетикии Роғунро, ки аз тарафи ширкати «Lahmeyer Interпational» гузарнида шуда буд, пурра омӯхта, асосҳои техникию иқтисодии онро маъқул донист ва бори дигар ба аҳамияти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ молик будани ин Маҷмааи гидроэнергтикиро барои Тоҷикистон ва кишварҳои поёноб таъкид намуд. Аз ҷумла, ӯ низ изҳори ақида намуд, ки барои сарбанд аз таклифҳои дар лоиҳа пешбинишуда садди сангу шағалӣ аз ҳама мувофиқтар аст. Инчунин, професор Х. Абадҷиев ақидаи комил дорад, ки таъсироти мусбии экологӣ ва эстетикии он нисбат ба таъсироти манфиаш чанд баробар бештар аст. Махсусан аҳамияти он ба тамоми минтақа дар солҳои камобӣ, хушксолӣ ва боришоти аз ҳад зиёд бобати танзими об хеле калон аст. Ба тамоми ҳаёти иҷтимоии минтақа, аз диди он ки мардумро аз тобеъ будан ба носозгориҳо раҳо месозад ва вазъи таъминот бо об ва нерӯи барқ бамаротиб беҳ мегардад, таъсири мусбӣ мерасонад. Мавриди зикр аст, ки аз ҷиҳати ҳуқуқҳои байналмилалӣ низ бобати сохтмони иншоот ягон монеа вуҷуд надорад. Воқеан, вақте соли 2005, мутобиқи Шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия ҶСШК «Русский Алюминий» (РусАл) аз нав таҷдид шудани сохтмони НБО-и Роғунро ба ӯҳда гирифт, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин маврид ҳеҷ эътирозе надошт. Фақат он вақт тавсия шуд, ки маросими огоҳнамоиро, ки Тоҷикистон ба ӯҳда дошт, иҷро намояд. Дар воқеъ ҳам Тоҷикистон барои сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Ин асоси ҳуқуқиро Созишномаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ», ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба тасвиб расида буд, пурра мекунад. Яке аз сабабҳои асосии шарик шудани Тоҷикистон ба ин созишнома дифои ҳуқуқ барои ба сомон расонидани сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебошад. Моддаи 2-и ин Созишнома ҳуқуқи Тоҷикистонро ҷиҳати идома ва анҷом додани НБО — и Роғун ва обанбори он бе мувофиқаи иловагӣ ҳимоя мекунад. Бунёди Роғун ба «Эъломияи Нуқус» низ, ки 20 сентябри соли 1995 кишварҳои Осиёи Марказӣ бобати масоили рушди пайвастаи ҳавзаи баҳри Аралро ба тасвиб расонида буданд, мувофиқат мекунад. Дар «Эъломияи Нуқус» расман эълон шуда буд, ки: «Мо аз он розием, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома, шартнома ва дигар асноди меъёрии роҷеъ ба муносибатҳои муттақобилаи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал қаблан ба имзо расидаро эътироф кунанд ва устуворона иҷро намоянд». Дар зери асноди мазкур имзои роҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шудааст. Боз чӣ даркор? Дар бораи таъсири Роғун ба хушкшавии баҳри Арал»… Ин ҳам гапи нав нест. Чор даҳсола боз мухолифини бунёди Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун сабаб пеш меоранд, ки гӯё гӯё бунёди он яке аз сабабҳои хушкшавии баҳри Арал мешуда бошад. Ёдрас мешаваем, ки моҳи сентябри соли 1988 Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои қатъии беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал» ба тасвиб расид ва дар ин замина, лоиҳаи сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии Роғун боз як бори дигар ба экспертиза тавсия шуда буд, ки он аз тарафи комиссия мӯътамад гузашт. Як далели дигари ноҳақ будани ин даъво дар он аст, ки вақте хушкшваии баҳри Арал ва ба биёбон табдил ёфтани атрофи он бо суръат идома дорад, чаро аз мухолифони ин даъвову ҳамҳама напурсем: ҳанӯз, ки Роғун бунёд наёфтааст, чаро онҳо сабаби ин фоҷиаи экологиро аз дигар ҷо намекобанд?!. Воқеан ҳам, агар мо сабаби асосии хушк шудани баҳри Аралро ёфтан хоҳем, онро аз киштзорҳои кишвари поёноб ва заминҳои нави ҳар сол кушода мешуда бояд ҷуст. Аз рӯи тадқиқоти сатҳи байналмиллалӣ аллакай исбот ва собит гашта, ки об воқеан дар куҷо хароҷот мешавад ва барои чӣ то баҳри Арал намерасад. Ана дар куҷо бояд экспертиза гузаронд! Аз рӯи маълумоти мутахассисон, дар зиёда аз 55 обанбори Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳар сол он қадар обе захира мегардад, ки се баробари ҳаҷми оби баҳри Арал аст. Тавре аз тадқиқоти мутахассисони худи ӯзбекистон бармеояд, соли 1960 ҳаҷми захираҳои обии дар ин кишвар истифодашуда 30,78 километри кубӣ, аз ҷумла барои обёрӣ истифодашуда 27,9 километи кубиро ташкил медод. Ин нишондод дар Тоҷикистон, мутаносибан, 9,8 ва 8,69 фоизро ташкил медод. Баъди бист сол нишондодҳои ӯзбекистон бобати истифодаи об ду баробар зиёд шуд, дар Тоҷикистон бошад, хамагӣ ду фоиз афзуд. Аз рӯи маълумоти СММ, ки соли 2006 нашр шуда буд, кишварҳое, ки то 40 фоизи захираи обии дарёҳои худро истифода мебаранд, рушди дигар соҳаҳои иқтисодиёти хешро маҳдуд мегардонанд. Мо чӣ? Тадқиқотҳо исбот намудаанд: дар кишвари мо, ки тақрибан 60 фоизи оби дарёи Ому сарчашма мегирад то 8-10 фоизи обро истифода мебарему дар ҷумҳурие, ки 7-8 фоизи он шакл мегирад, 80 фоизашро. Дуруст аст ба Тоҷикистон, ки дар даврони шӯравӣ барои истифодаи захираи об маҳдудият ҷорӣ намуда буданд, вале дар ин замина он маҳдудият аз ҳисоби буҷети умумииттифоқӣ ҷуброн мешуд. Имрӯз, ки Тоҷикистон ба проблема ва эҳтиёҷоти худ танҳо мондааст, ба ҷои кумаку ҳамкорӣ аз системаи ягонаи энергетикӣ ҷудо карда шудааст, магар ҳуқуқ надорад, ки аз захираи гидроэнергетикии худ истифода барад?! …Ана ҳамин аст мухтасар дар бораи «факт»-у «далел»-ҳои овардаи Сарвазири мӯхтарами ӯзбекистон. Вале гапи аз ҳам муҳим дигар аст; акнун касе ба бунёди Роғун дигар халал расонида наметавонад. Имрӯз бунёди НБО-и Роғун марзи номӯси кишвар табдил ёфтааст ва он барои ҳар як фарди тоҷик, ҳам барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳам барои исботи ғуруру номуси миллӣ зарур аст. Исбот ва собит шудааст, ки имрӯз ин мардум барои бунёди Роғун ҳаққу ҳукуқи комил дорад ва метавонад ҳам, ки Роғунро бунёд намояд. Ба қафо роҳи бозгашт нест. Нозир ЁДГОРӢ,