КОМПЮТЕРКУНОНИИ МАКТАБҲО 76 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИДААСТ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои масъулини Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, компютеркунонии мактабҳо дар саросари кишвар 76 фоиз иҷро гардидааст. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маориф барномаи нави компютеркунонии макотиби олиро барои солҳои 2011 – 2020 бо мақсади истифодаи самарабахши техникаи компютерӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ пай дар пай таъмин хоҳад кард. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, моҳи феврали соли ҷорӣ мактабҳои олии кишвар бо техникаи нави компютерӣ таъмин карда мешаванд. Сарвари давлат аз фонди эҳтиётӣ барои хариди техникаи компютерии мактабҳои ҷумҳурӣ боз 4 млн. сомонӣ ҷудо намуд. Боиси ёдоварист, ки соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ 210 мактаби таълимоти ҳамагонӣ ба маблағи 123 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






