КОМПЮТЕРКУНОНИИ МАКТАБҲО 76 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИДААСТ

Февраль 11, 2010 09:33

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои масъулини Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, компютеркунонии мактабҳо дар саросари кишвар 76 фоиз иҷро гардидааст.  Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маориф барномаи нави компютеркунонии макотиби олиро барои солҳои 2011 – 2020 бо мақсади истифодаи самарабахши техникаи компютерӣ  дар мактабҳои ҷумҳурӣ пай дар пай таъмин хоҳад кард. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, моҳи феврали соли ҷорӣ мактабҳои олии кишвар  бо техникаи нави компютерӣ таъмин карда мешаванд. Сарвари давлат аз фонди эҳтиётӣ барои хариди техникаи компютерии мактабҳои ҷумҳурӣ боз 4 млн. сомонӣ ҷудо намуд. Боиси ёдоварист, ки соли 2009  дар саросари ҷумҳурӣ 210 мактаби таълимоти ҳамагонӣ ба маблағи 123 млн.  сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Февраль 11, 2010 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад