КОРҲОИ СОХТМОНӢ АВҶ МЕГИРАД
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Тавре аз вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, моҳи январи соли 2010 ба маблағи 37 млн. 311 ҳазору 277 сомонӣ дар сохтмони НБО-и Роғун корҳои сохтмонӣ – васлкунӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки аз ин миқдор 25 млн. 322 ҳазору 124 сомонӣ аз ҷониби пудратчии генералӣ иҷро гардидаанд. Аз ҷумла маблағи умумии корҳои сохтмонӣ – васлкунии иҷрошуда дар иншоотҳои минтақаи зериобшаванда 762 ҳазору 431 сомониро ташкил медиҳад. Миқдори мошину механизмҳо ва дигар таҷҳизоти дар сохтмон мавҷуд буда, 657 адад ва шумораи коргарону кормандони техникӣ бошад, 6.911 нафарро ташкил медиҳад. Айни ҳол, шумораи умумии идораву ширкатҳои гуногуни дар сохтмон фаъолият дошта 37 адад буда, 28 ширкат дар сохтмони НБО-и Роғун, 3 ширкат дар сохтмони иншоотҳои минтақаи зериобшаванда ва 6 идораҳои лоиҳакашӣ — тадқиқотӣ фаъолият доранд. Агар дар давраи аз 25 июли соли 2008 то 31 декабри соли 2008 ҳаҷми умумии сементи ба иншоот овардашуда 16,84 ҳазор ва дар соли 2009 — 66,27 ҳазор тоннаро ташкил диҳад, пас моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сементи ба иншоот овардашуда 7.579 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, агар дар соли 2008 ҳаҷми умумии бетони қабулшуда 9.585 метри мукааб ва дар соли 2009 – 130 ҳазору 011 метри мукаабро ташкил диҳад, моҳи январи соли ҷорӣ ин нишондод 10 ҳазору 719 метри мукаабро ташкил медиҳад, умуман ҳаҷми корҳои сементатсионӣ дар моҳи январи соли 2010 – 1.924 метри мукаабро ташкил медиҳад. «Ҳаҷми умумии корҳои заминӣ дар моҳи январи соли 2010 -121,6 ҳазор метри мукааб ва захираи қуму шағали ба пешдарғот аз конҳо кашонидашуда 345,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», — гуфт дар охир сарчашма.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






