КОРҲОИ СОХТМОНӢ АВҶ МЕГИРАД

Февраль 17, 2010 16:49

Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).-  Тавре аз вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  моҳи январи соли 2010 ба маблағи  37 млн. 311 ҳазору 277 сомонӣ  дар сохтмони  НБО-и Роғун корҳои сохтмонӣ – васлкунӣ  ба анҷом расонида шудаанд, ки аз ин миқдор 25 млн. 322 ҳазору 124 сомонӣ аз ҷониби пудратчии генералӣ иҷро гардидаанд. Аз ҷумла маблағи умумии корҳои сохтмонӣ – васлкунии иҷрошуда дар иншоотҳои минтақаи зериобшаванда 762 ҳазору 431 сомониро ташкил медиҳад. Миқдори мошину механизмҳо ва дигар таҷҳизоти дар сохтмон мавҷуд буда, 657 адад ва шумораи коргарону кормандони техникӣ бошад, 6.911 нафарро ташкил  медиҳад. Айни ҳол, шумораи умумии идораву ширкатҳои гуногуни дар сохтмон фаъолият дошта 37 адад буда, 28 ширкат дар сохтмони НБО-и Роғун, 3 ширкат дар сохтмони иншоотҳои минтақаи зериобшаванда ва 6 идораҳои лоиҳакашӣ — тадқиқотӣ фаъолият доранд. Агар дар давраи аз 25 июли соли 2008 то 31 декабри соли 2008 ҳаҷми умумии сементи ба иншоот овардашуда  16,84 ҳазор ва дар соли 2009 — 66,27 ҳазор тоннаро ташкил диҳад, пас моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сементи ба иншоот овардашуда  7.579 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, агар дар соли 2008 ҳаҷми умумии бетони қабулшуда 9.585 метри мукааб ва дар соли 2009 – 130 ҳазору 011 метри мукаабро ташкил диҳад,  моҳи январи соли ҷорӣ ин нишондод 10 ҳазору 719 метри мукаабро ташкил медиҳад, умуман ҳаҷми корҳои сементатсионӣ дар моҳи январи соли 2010 – 1.924 метри мукаабро ташкил медиҳад. «Ҳаҷми умумии корҳои заминӣ дар моҳи январи соли 2010 -121,6 ҳазор метри мукааб  ва  захираи қуму шағали ба пешдарғот аз конҳо кашонидашуда 345,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», — гуфт дар охир  сарчашма.   

Февраль 17, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад