КОРМАНДОНИ ҒАЙРИТОҶИКРО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД
Душанбе. 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки кормандон ва мутахассисони ғайритоҷикеро, ки дар Агентӣ фаъолият намуда, забони давлатиро намедонанд, ба омӯзиши забони тоҷикӣ фаро гирад. Роҳбари маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» Мирзовалӣ Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин иқдом ҷиҳати татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва арафаи Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал дар тамоми ҷаҳон қайд мегардад, роҳандозӣ шудааст. Бо ин мақсад дар Агентии «Тоҷикстандарт» гурӯҳи назоратӣ таъсис дода шудааст, ки он татбиқи Қонуни забони тоҷикиро дар ҳамаи бахшҳо ва шӯъбаҳои зертобеъ зери назорат мегирад. Тазаккур додан бамаврид аст, ки дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» кормандоне фаъолият менамоянд, ки сокини муқимии Тоҷикистон буда, миллатҳояшон гуногун — рус, кореягӣ, тотор, чинӣ — аст. Ин кормандон асосан ба забони русӣ ҳарф зада, навиштаҷоташон низ бо ин забон сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






