КУРСҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ АФСАРОНИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Аз 17 феврал барои 39 афсари полиси Афғонистон дар ш.Душанбе курсҳои омӯзишӣ кушода шуд. Дарсҳои омӯзишӣ бо ташаббуси Идораи САҲА дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Идораи САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, дарсҳои таълимии мазкур аз ҷониби Шӯъбаи Котибот ва Идораи САҲА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти полис таҳия шуданд. Дар давоми дарсҳои якмоҳа диққати асосӣ ба машқҳои амалии банақшагирӣ ва ташкили амалиёти ҷустуҷӯи маводи нашъадор, равона карда хоҳад шуд. Афсарони афғон бо ҷараёни оғози парвандаҳои ҷиноӣ, рафти тафтишот ва пешниҳод кардани парвандаҳои ҷиноӣ ба ҳокимияти судӣ шинос мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






