ЛИМИТИ БАРҚ ЗИЁД ШУД

Февраль 5, 2010 17:38

Курғонтеппа, 5 феврал (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Сар карда аз 5- уми феврал дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа боз дар нақшаи тақсими нерӯи барқ ба аҳолӣ тағйирот ворид карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шабакаҳои барқи ҷануби вилояти Хатлон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ ҳамакнун аҳолӣ субҳона аз соати 4 то 9 ва шабона ҳам ҳамчунин бо нерӯи барқ таъмин мегардад. Ин дар ҳоле мебошад, ки худи мардум аз чунин тақсимоти қувваи  барқ норизо мебошанд. Бино ба гуфти Насима Талбакова, як тан сокини ноҳияи Вахш барқро аз соати чаҳор медиҳанд, ки дар ин вақт ба касе он лозим нест. Беҳтар мебуд, ки нерӯи барқро аз соати 5 то 10 медоданд, чунки дар ин вактҳо ҳама ба он ниёз доранд. Ёдрас мешавем, ки аз охирҳои моҳи январ то ба инҷониб сокинон субҳона аз соати 4 то 8 ва шомгоҳон аз соати 13 то 22 бо нерӯи барқ таъмин карда мешуданд.  

Февраль 5, 2010 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад