М. БОЛТУЕВ: «ВАРАҚАҲОИ ОВОЗДИҲӢ ХУСУСИЯТИ МУҲОФИЗАТӢ ДОРАНД»

Февраль 19, 2010 14:41

Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Назар ба иттилоъи Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ҷиҳати баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 28 феврали соли 2010-ум таъйин шудааст, 16 миллион варақаи раъйдиҳӣ (бюллетенҳо) чоп карда шуд. Коғаз барои чопи варақаҳои овоздиҳӣ аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оварда шудааст. Варақаҳои овоздиҳӣ дар нашриёти «Шарқи озод» бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ нашр шуда, ботадриҷ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ фиристонида мешаванд. Аз ҷумла,  дирӯз тавассути ҳавопаймо ба вилояти Суғд 11 тонна варақаи райъдиҳӣ интиқол дода шуд. Мирзоалӣ Болтуев афзуд, ки ҳар як  интихобкунанда 5 варақаи райъдиҳӣ — варақаи раъйдиҳӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияву деҳотро дастрас менамоянд. Варақаҳои раъйдиҳӣ ҳафт дараҷаи муҳофизатӣ дошта, метавонанд  аз раванди тақаллубкорӣ дар ҷараёни интихобот ҷилавгирӣ намоянд ва шаффофу беғараз гузаштани  интихоботро таъмин созанд. Ичунин,  варақаҳои раъйдиҳӣ барои нуқтаҳои овоздиҳӣ дар хориҷи кишвар низ чоп шудааст, ки дар он рӯйхати 41 ҳавзаи интихоботӣ бо номзадҳояш дарҷ гардидааст. Аллакай, ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  1, 5 тонна варақаи раъйдиҳӣ фиристонида шуд. Тибқи қонун бояд варақаҳои  овоздиҳӣ 7 рӯз пеш аз интихобот ба ҳавзаҳо ва ду рӯз пеш аз баргузории интихобот ба участкаҳои интихоботӣ расонида шаванд. Бояд зикр кард, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 400 ҳазор нафар интихобкунанда раъй хоҳанд дод.

Февраль 19, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд