МАҲБАС БА С.БОБОАЗИЗОВ «ДАРСИ ПОРА» МЕОМӮЗАД
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Эътимоди мардум ба Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рӯз то рӯз бештар мегардад ва шаҳрвандон дар бисёр маврид барои имдодталабӣ ба он муроҷиат мекунанд. Шаҳрванд «А» ҳам имдодталабона ба агентии мазкур муроҷиат намудааст, ки муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саид Бобоазизов, ки соҳиби 6 фарзанд аст ва аз касе тарсу ҳарос надорад, барои ҷудо намудани 0,8 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба сифати пора 6 ҳазор доллар талаб кардааст. Рӯзи 20 – уми январ дар вақти гузаронидани амалиёти фаврӣ — тафтишотӣ пас аз гирифтани пора ба мблағи 6 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд «А» С . Бобоазизов дастгир шуд. Раёсати тафтишотии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба амали ғайриқонунии С. Бобоазизов бо моддаи 319 қ.4 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтиш мебарад. Дар сурати аз ҷониби суд тасдиқ шудани гуноҳ, С. Бобоазизов ба мӯҳлати 5 сол дар маҳбас «дарси пора» меомӯзад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






