МАҲБАС БА С.БОБОАЗИЗОВ «ДАРСИ ПОРА» МЕОМӮЗАД

Февраль 12, 2010 10:54

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Эътимоди мардум ба Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рӯз то рӯз бештар мегардад ва шаҳрвандон  дар бисёр маврид барои имдодталабӣ  ба он муроҷиат мекунанд. Шаҳрванд «А» ҳам  имдодталабона ба агентии мазкур муроҷиат намудааст, ки муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саид Бобоазизов, ки соҳиби 6 фарзанд аст ва аз касе тарсу ҳарос надорад, барои ҷудо намудани 0,8 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба сифати пора 6 ҳазор доллар талаб кардааст. Рӯзи 20 – уми январ  дар вақти гузаронидани амалиёти  фаврӣ — тафтишотӣ пас аз гирифтани пора ба мблағи 6 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд «А»  С . Бобоазизов дастгир шуд. Раёсати тафтишотии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба амали ғайриқонунии С. Бобоазизов бо моддаи 319 қ.4 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода,  тафтиш мебарад. Дар сурати аз ҷониби суд  тасдиқ шудани гуноҳ, С. Бобоазизов ба мӯҳлати 5 сол дар маҳбас «дарси пора» меомӯзад.         

Февраль 12, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд